Санаи 07 октябри соли 2022 дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Америкаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сарпарастии корхонаи ватании Сим-Сим ва Маркази омӯзишии Ёдгир конференсияи байналмилалии илмӣ зери унвони “Ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ” сурат гирифт.

Дар суханрониҳо равобити илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳамкориҳои иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, нақши Созмони амнияти ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар низоми амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, стратегия ва манфиатҳои геополитикии Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар Осиёи Марказӣ, манфиатҳои геополитикии абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо вобаста ба масъалаи радикализми сиёсӣ, экстремизми динӣ ва терроризми байналхалқӣ, ҳамкорҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид алайҳи мубориза бо радикализми сиёсӣ ва терроризми байналхалқӣ, ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмонҳои минтақавӣ ва дигар мавзуъҳои вобаста ба унвони конфронс мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд
Таҳқиқу таҳлили ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз масъалаҳои мубрами давраи муосир маҳсуб меёбад. Зеро, чунин ҳамкориҳо дар пешравии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аҳамияти худро доро аст, ки яке аз муҳимияти баргузории конфронси мазкур низ маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад.

-Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳими иқтисодӣ барои кишарҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ ҳамкориҳои дарозмуддати устуворро дар асоси усулҳои судманди мутақобила рушду тавсеа мебахшад. Аз ин рӯ, тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди тиҷоратии муштарак, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикони нав, ки ба пешрафти бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд, барои давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳим ва афзалиятнок баррасӣ мегардад.
— муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои энергетика, туризм, нақлиёт, телекоммуникатсия, илм, маориф, барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, саноати сабук ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳаи иқтисодиёт ба манфиати тарафайн мебошанд.
— ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак дар намуди коммисияи байниҳукуматӣ доир ба масоили ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ зарур дониста мешаванд.
— барпо намудани бизнес-форум, мизҳои мудаввар ва намоишҳо, ки бештар фарогири соҳаҳои иқтисодӣ, хоҷагии деҳот ва сайёҳӣ бошанд, ба маврид ва саривақтианд.
— дар рушди ин соҳаҳои афзалиятнок ба монанди илм ва маориф пешниҳод карда мешавад, ки сафарҳои таҷрибаомӯзии кормандони илмӣ пешбинӣ гарданд. Ҳамчунин дар таҳкими дигар соҳаҳо низ мутахассисони соҳибихисос ва варзида аз ҳар ду ҷониб барои омӯзонидани таҷрибаи соҳавияшон метавонанд даъват карда шаванд.

07 Октябр 2022